ХУРОСОН. Дар доираи ҷадвали баргузории вохӯриву мулоқот дар корхона, муассиса, ташкилот ва деҳаю маҳаллаҳои ноҳияи Хуросон, бо иштироки муовини раис-мудири шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Азизова Сабоҳат дар ташкилоти ибтидоии «Фарҳангчиён» хониши сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ баргузор гардид.
Зимнан Азизова Сабоҳат оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ҳадафҳои барномавии он, огоҳонидани мардум аз хавфу хатарҳои ҳизбу гурӯҳҳои ифротӣ, пешгирии шаҳрвандон аз шомилшавӣ ба ташкилотҳои террористиву экстремистӣ, тарғиби фарҳанги миллӣ, пешгирии хурофоту бегонапарастӣ, риояи талаботи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, рушди ҳунарҳои мардумӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар хона ва ҷалби шаҳрвандони бекор ба касбу ҳунарҳои мардумӣ, аз ин ҳисоб паст кардани сатҳи бекориву камбизоатӣ, тарбияи ҷавонон дар руҳияи баланди худогоҳии миллӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз андешаронӣ карда, ҷамъомадагонро баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супориш ва ҳидоятҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳидоят намуд.