БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҷонибдорӣ аз Аксияи тарғиботии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” дар маҳал

Н.ХУСРАВ. Мутобиқи    нақшаи  мувофиқашуда   оид  ба  баргузории  вохӯриву мулоқотҳо дар  корхонаву  муассиса,  ташкилот ва  деҳаю  маҳаллаҳо оид  ба  татбиқи самтҳои  афзалиятноки фаъолияти  Ҳизби Халқии Демократии  Тоҷикистон- ҳизби  созандаю  бунёдкор дар  нимаи  дуюми  соли  2018,  суҳбату  мулоқот ҷиҳати  боз  ҳам    густариш  додани  иртибот  бо  мардум  ва  ҷалби   васеъи ҷавонон  ба  амалӣ  намудани  ҳадаф ва  мақсадҳои  созандаи ҲХДТ  баррасии  нукатаҳои Паёми  Президенти  мамалакат  ба  Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳаллаи Наврӯзи ҷамоати  деҳоти  Фирӯзаи ноҳияи  Носири  Хусрав бо  иштироки  васеъи  сокинони  деҳа   баргузор  гардид.

Чорабиниро  раиси   Кумитаи иҷроияи   ҲХДТ  дар  ноҳия Алиева  Сураё   ифтитоҳ  намуда, қайд  кард, ки  мақсади баргузории  чорабиниҳову мулоқотҳо ин таҳким бахшидан ба Ваҳдати  миллӣ, дар амал татбиқ намудани интизориҳои Соли  рушди  сайёҳӣ  ва  ҳунарҳои  мардумӣ, тарғиби  Даҳсолаи  байналмилалии  амал «Об  барои  рушди  устувор, солҳои  2018-2028”, ҷамъбасти Соли  тақвияти  робита бо  маҳал ва  сазовор  истиқбол  намудани  ҷашни 30- солагии  Истиқлолияти  давлатии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон, сафарбар  намудани сокинони  маҳал дар  ҳалли  масъалаҳои созандагию  бунёдкорӣ,  инчунин   ҷалби  онҳо дар  ҳалли  масъалаҳои  иҷтимоӣ иборат  мебошад.

Дар  ин  робита  ба  рушди  корҳои  хонагӣ, косибӣ, касбу ҳунаромӯзӣ, баланд бардоштани  фарҳанги  миллӣ, ҳифзи суннату  анъанаҳои  мардумӣ, раҳоӣ ёфтан  аз  бегонапарастӣ, омӯзиши таъриху фарҳанги гузаштаву  муосири  халқро  ба  роҳ  монда,  ҷалби  ҷавонон  ба  касбу  ҳунарҳоро  ривоҷ диҳем.  

Сокинони  маҳалла   иқдом  гирифтанд, ки  дар партави Аксияи тарғиботии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” роҳҳои  атрофи маҳалла ва  ҷӯйҳои обгузари  дохили   деҳаро  тоза  намуда, дар  таъмиру  азнавсозии   бинои  муассисаи  таълими  №4  саҳми худро  мегузоранд.   

Аз  ҷониби  сокинон  намоиши ҳунарҳои  мардумӣ ва хӯрокҳои  миллӣ, гилембофию, зардӯзиҳо  ва маҳсулоти  кишоварзи  ташкил карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg