БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Фаъол гардонидани мардум дар сати муборизаи оштинопазир бар зидди гуруҳҳои зиёновари ҷомеа!

ДАНҒАРА. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои ободии имрӯзу фардои Тоҷикистон ва таъмини зиндагии шоистаи ҷомеа масъул меҳисобад.

Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи  Данғара дар деҳаи Қули Суфиёни ҷамоати деҳоти Оқсу бо ҷалби сокинони деҳа хониши сиёсӣ оид ба баррасии самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ доир гардид.

Дар  чорабинии мазкур раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Каримов Пирмаҳмад иштирок  намуда, оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ аз ҷумла мусоидат ба пурқувват гардонидани ҳар як оилаи тоҷикистонӣ, ки асоси ҷомеа мебошад ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, мусоидат ба рушди ҳунаромӯзии сокинони кишвар, таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар хона, ҷалби шахсони бекор ба касбу ҳунарҳои мардумӣ, суханронӣ карда,  ба онҳо барои боз ҳам равнақ додани касбу ҳунарҳои миллӣ маслиҳатҳои судманд дод.

Ҳамчунин дар вохӯрӣ атрофи фаъол гардонидани мардум дар сати муборизаи оштинопазир бар зидди гуруҳҳои зиёновари ҷомеа изҳори назар карда шуда аз иштирокдорон даъват бар амал овард, ки зираки ва ҳушёриии сиёсиро аз даст надиҳанд.      

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg