БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Огоҳонидани мардум аз хавфу хатари терроризму экстремизм ва роҳҳои пешгирӣ аз он

НОРАК. Дар ташкилоти ибтидоии «Амонатбонк»-и шаҳр вохӯрӣ доир карда шуд. Дар ин вохӯрӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ аз тарафи мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуот Фирдавс Ғафурзода ва раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амонатбонк” Сайфзода Шаҳло андешаронӣ карда шуд.

Сайфзода Шаҳло оид ба нуктаҳои асосии Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ баромад намуд.

Дар идомаи суҳбат Ғафурзода Фирдавс атрофи аз байн бурдани таассуби динӣ ва хурофотпарастӣ, баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум аз хавфу хатари терроризму экстремизм ва роҳҳои пешгирӣ аз он, пешгирӣ аз бегонапарастиву майл ба фарҳанги бегона, муқовимат бо коррупсия, пешгирӣ аз истифодаи нодурусти технологияи муосир ва шабакаҳои иҷтимоӣ баромад намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg