
ВОСЕЪ. Мувофиқи ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроия Ситамова Роҳила ва Мирзоева Гулрухсор дар ташкилоти ибтидоии “Кумо” атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва таъсири фоҷеабори гуруҳҳои ифроти дар ҷомеа, тарғиби ташаббуси созандаи Тоҷикистон барои ҷаҳониён “Об барои рушди устувор” вохӯрӣ доир намуданд.
Зимнан Мирзоева Гулрухсор ва Ситамова Роҳила қайд намуданд, ки об сарчашмаи ҳаёт аст ва бе об ягон мавҷудоти зинда вуҷуд дошта наметавонад маҳз ҳамин мушкилот ва пайомадҳои хатарзои обро ба инобат гирифта, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбарҳои баланди ҷумҳурӣ ва берун аз он бо мақсади захираҳои об ва истифодаи дурусти оби нӯшокӣ маърӯзаю пешниҳодҳо карданд.
Ҳамчунин, оид ба хатари гуруҳҳои террористиву экстремисти, ки иддае аз онҳо ба амнияти кишвар ва сокинони мо таҳдид мекунанд изҳори ақида карданд. Иштирокдорон аз хониши сиёсии баргузоргардида ба худ таассуроти нек бардоштанд.