
ТЕМУРМАЛИК. Дар асоси ҷадвали баргузори хонишҳои сиёсӣ дар ташкилоту муассисаҳо вохӯрии раиси Кумитаи иҷроияи
ҲХДТ дар ноҳия Раҷабзода Маҳмадсаид бо аъзои ҳизб дар ташкилоти ибтидоии “Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ” доир гашт.
Зимни мулоқот оиди ғамхорӣ дар ҳаққи нафақахӯрон суханронӣ карда шуда, қайд гардид, ки сиёсати иҷтимоии давлат аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ба ҳисоб рафта, татбиқи ин сиёсат вазифаи мо ҳизбиён аст.
Доир ба ин масъала кормандони шуъбаи ҳифзи иҷтимоии ноҳияи Темурмалик Фозилов Акобир ва Саидов Амирулло андешаҳои худро баён карданд ва итминон доданд, ки ҳамчун аъзои фаъоли ҲХДТ дар тарғибу татбиқгари сиёсати иҷтимоӣ саҳми арзанда мегузоранд.