ПАНҶ. Ҷиҳати иҷрои ҷадвали баргузории вохуриҳо бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ дар ташкилоти ибтидоии ба номи “Меҳрубон Ҳасан” бо иштироки аъзои ташкилоти ибтидоӣ, сокинон ва фаъолони маҳалла чорабинии сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид.
Сараввал мардуми маҳалла маҳсули меҳнати дастии худ, аз қабили намудҳои гуногуни гулдӯзию қуроқдӯзиҳо ва анвоҳои гуногуни нониро ба маърази тамошо гузошта буданд.
Раиси ташкилоти ибтидоӣ Буйдоқова Займарон чорабиниро ҳусни ифтитоҳ бахшида, мақсад ва ҳадафи ин иқдоми комиҷроияро шарҳ дода, қайд намуд, ки барои эҳё намудани ҳунарҳои мардумӣ моро зарур аст, ки урфу одатҳои неки мардумиро мавриди омӯзиш қарор дода, ҳикмату фалсафаи онро дар зиндагии ҳаррӯзаамон истифода барем. Ҷойи зикр аст, ки аз давраҳои қадим шаҳру деҳоти Тоҷикистон бо ҳунарҳои миллӣ ва ҳунармандонаш шӯҳрат дошт. Ҳунарҳо бо ҳаёти анъанавӣ ва урфу одатҳои мардумӣ робитаи зич доранд. Ҳунарҳои қадимаи ниёгонамон хушбахтона тавассути сулолаи ҳунармандон аз насл ба насл гузашта то замони мо расидаанд.
Баъдан Файзиев Каримҷон ба сухан баромада, иброз дошт, ки бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон бо мақсади сазовор истиқбол намудани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ин замина ободу зебо кардани диёрамон Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” ва ба хотири ҷамъбасти сазовори Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ озмунҳои «Беҳтарин намоиши ҳунарҳои мардумӣ», «Армуғони хатлонӣ», «Маликаи Хатлон», «Тарроҳи беҳтарин» ва “Беҳтарин доиркунандаи чорабинии сатҳи маҳал эълон намудааст. Мақсад аз доир намудани Аксия рушди корҳои созандагиву ободонӣ буда, ҳадаф аз роҳандозии озмунҳо ривоҷ додани корҳои хонагӣ барои эҳё намудани ҳунарҳои мардумӣ байни бонувон, махсусан байни ҷавонон мебошад. Дар Аксия ва озмунҳо сокинони сарбаланди ноҳияи Панҷ метавонанд фаъолона иштирок варзида соҳиби ҷоизаҳои Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ ва вилоятии ҳизб гарданд.
Дар ҷамъбаст, ба раиси ташкилоти ибтидоии “Меҳрубон Ҳасан” муҳтарама Буйдоқова Займарон барои ташкили чунин чорабинии маърифатӣ Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ тақдим карда шуда, ба нафароне, ки ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон шомил гардиданд, дар фазои тантанавӣ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.