
ВАХШ. Тибқи ҷадвали тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон оид ба фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ дар нимсолаи дуюми соли равон бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Маҳмадов Одилҷон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Роҳи нав-1"-и ҷамоати деҳоти Тоҷикобод вохӯрӣ доир карда шуд. Масъулин дар вохӯрии мазкур оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, тарғиби Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» суҳбати муфид анҷом доданд.
Ҳамзамон дар рафти вохӯрӣ Маҳмадов Одилҷон аз сокинони деҳа даъват ба амал овард, ки баҳри дар амал татбиқ намудани Аксияи тарғибот-амалии ҲХДТ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» ҷонибдорӣ аз ҳидоятҳои неку ояндадори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар корҳои созандагию бунёдкорӣ таввасути таъмиру тармими сохтмони муассисаҳои таълимӣ, бунгоҳои тиббӣ, ҳаммом ва майдончаҳои варзишӣ саҳми арзандаи худро гузоранд.
Дар вохӯрии мазкур, инчунин узви Гурӯҳи вакилии ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Камолов Сафаралӣ иштирок ва андешаронӣ намуда, сокинонро ба ободкориву созандагӣ даъват кард.
Сокинон аз аксияи мазкур дастгирӣ намуда, дар роҳи татбиқи он якҷоя бо сохторҳои ҳизбӣ камар бастаанд.