БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Роҳандозии Аксияи тарғиботӣ-амалии “Якҷоя ҳал мекунем” дар маҳал

БАЛҶУВОН.  Дар партави Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбии тахти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон  дар деҳаи Каҷтут бо сокинони маҳал вохӯрӣ доир гардид.

Дар вохӯрӣ и.в раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи  Балҷувон Мирзоев Исуф ва дигар кормандони масъул иштирок ва андешаронӣ намуданд.

Зимнан масъулин дар назди ҷамъомадагон   оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, тарғиби тарзим ҳаёти солим, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ, ҷалби сайёҳони  хориҷӣ ба ҳунарҳои миллӣ ва ҷойҳои таърихӣ, ки ноҳияи Балҷувон  аслан макони сайру саёҳат  мебошад, суханронӣ намуданд.

Дар ин раванд моҳияти  Аксияи тарғиботии ҳизбии  таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем”-ро ба мардум  фаҳмонида, онҳоро ба корҳои ободониву созандагӣ, таъмири роҳу пулҳо, мактабу синфхонаҳо, бунгоҳҳои тиббӣ, дасти  кӯмак дароз намудан ба шахсони эҳтиёҷманд, ташкили  боғу токзорҳо  ва дигар масъалаҳое, ки ба рӯзгори  осудаи мардум  мусоидат менамояд,  даъват ба амал оварданд.  

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg