
Ш.ШОҲИН.Тибқи дастуру супоришҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва тибқи ҷадвали баргузории соатҳои сиёсӣ дар ташкилоту муассисаҳо ва вохӯриву мулоқот дар деҳаву маҳаллаҳои ҳудуди ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар деҳаи Тудани ҷамоати деҳоти Шӯроободи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бо сокинони фаъоли деҳа суҳбат атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, дар доираи Соли тақвияти робита бо маҳал ва Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, оғози расмии Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», инчунин баргузории Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» суҳбат намуданд.
Вохӯриро Қурбонзода Шифо сармуҳарири нашрияи «Овози халқ» оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва масъалаҳои мубрами рӯз оғоз карда андешарони намуд.
Баъдан мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ва Соли тақвияти робита бо маҳал суханронӣ намуд.