
ҲАМАДОНӢ. Дар асоси ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ дар ташкилоту муассисаҳо ва вохӯриву мулоқотҳо дар деҳаву маҳаллаҳои ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар нимаи дуюми соли 2018 дар ташкилоти ибтидоии «Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ» хониши сиёсӣ дар мавзӯъи фаъол гардонидани шаҳрвандон ва ҷалби бештари онҳо ба соҳибкорӣ, хоҷагидориву кишоварзӣ ва корҳои хонагиву ҳунарҳои мардумӣ ба хотири паст кардани шиддати бекорӣ ва фаро гирифтани сокинон ба шуғл гузаронида шуд.Дар хониши сиёсӣ кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҳамадонӣ Муродалӣ Шамсов ва Гадоӣ Сайдалиев иштирок доштанд.
Инчунин, дар хониши сиёсӣ моҳияти Аксияи тарғиботии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” ва мардумро аз амалҳои муғризонаву хоиномаи ҳизбу ташкилотҳои террористӣ огоҳ карда, онҳоро барои иҷрои корҳои хайру сахо, ободонии маҳал ва аз даст надодани ҳушёриву зиракии сиёсӣ ҳидоят намуданд.