БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Баррасии масъалаҳои муҳим дар маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор

ФАРХОР. Дар толори маҷлисгоҳи Шуъбаи маорифии ноҳия Маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор баргузор гардид.

Дар маҷлис аз 37 нафар аъзои Кумитаи иҷроия 35 нафар иштирок доштанд.

Сараввал муовини раис-мудири шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Шаҳбози Искандар дар доир ба фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар нимсолаи аввали соли 2018 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюм баромад намуд.

Сипас, бо мақсади саривақт ташкил кардан ва гузаронидани маъракаи обуна ба нашрияҳои ҳизбии «Минбари халқ» ва «Ҳамрози халқ», ситоди ноҳиявӣ ташкил шуда, нақшаи обуна ба ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ шинос карда шуд.

Ҳамчунин, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Алиҷон Назаров дар назди аъзои Кумитаи иҷроияи баромад намуда, номзадии Валиев Наътуллоро ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Фархор ба ҳавзаи интихоботии №39 ба ҷойи вакили хориҷшуда пешниҳод намуд. Пешниҳоди мазкур ҷонибдории худро ёфта, дар ин маврид қарор қабул карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg