
ДАНҒАРА. Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара дар деҳаи Боботупхонаи ҷамоати деҳоти Оқсу бахшида ба эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, бо ҷалби доираи васеи занону бонувони деҳа намоиши ҳунарҳои мардумӣ ташкил карда шуд.
Дар ин чорабинӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Каримов Пирмаҳмад иштирок ва сӯханронӣ намуда, иброз намуд, ки имкониятҳои давлатӣ дар самти рушдӣ ҳунарҳои мардумӣ хусусан озод намудани ҳунармандон аз андоз таваҷҷуҳи навбатии роҳбарияти олии кишвар ба беҳбудӣ бахшидан ба вазъи иқтисодиву иҷтимоии аҳолӣ, ба ҳамин васила эҳё ва муаррифӣ намудани таъриху фарҳанги ниёгон дар сатҳи байналмилалӣ мебошад.Дар чорабинии номбурда намоиши ҳунарҳои мардумӣ доир карда шуда, дар он занону бонувони ҳунарманд маҳсули дастони моҳири хешро дар гӯшае намоиш доданд.
Занону бонувони деҳа бо қаноатманди изҳор доштанд, ки эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба мо имконият дод, ки маҳсули дастӣ худро ба бозор бароварда аз он манфиатҳои иқтисодӣ бинем ва ба зиндагии худу оилаамон беҳбудӣ бахшем.