БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Таъмини ҳифзи сиҳатии омма ҳадафи асосии ҲХДТ

ҶАЙҲУН.Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун ҷиҳати таъмини иҷрои ҷадвали баргузории вохӯрию мулоқот дар корхона, муассиса ва деҳаю маҳаллаҳои ноҳия дар ташкилоти ибтидоии «Беморхонаи минтақавии №1» хониши сиёсии хизбӣ оид ба расонидани моҳияти самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ба аъзои ташкилоти ибтидоии болозикр бо иштироки зиёда аз 42 нафар аъзои фаъоли ташкилоти ибтидоӣ ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Шомаҳмадова Ҷумагул ва мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Фарҳод Обидов доир гардонида шуд, ки писанди ҳозирин гардид.

Шомаҳмадова Ҷумагул дар рафти баромади хеш аз муҳтавои Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ҳарф зад,  иброз дошт, ки Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз камбудиҳои соҳаи тандурустӣ изҳори нигаронӣ намуданд.

Яъне бо вуҷуди пешравиҳо, бояд гуфт, ки дар соҳа ҳоло ҳам як силсила мушкилоте боқӣ мондаанд, ки ислоҳи саривақтӣ мехоҳанд.

Шомаҳмадова Ҷумагул қайд намуд, ки вазифаи табибон ин танҳо як табобати беморон нест, балки пешгирии бемориҳо вазифаи авалиндараҷаи табибон ба ҳисоб меравад. Имрӯзҳо бемориҳои сироятӣ дар байни аҳолӣ хусусан дар байни кӯдакону наврасон авҷ гирифтааст. Кӯдакон аз ҳаргуна меваҷоту полезиҳо истифода бурда, дар натиҷа ба беморӣ гирифтор мешаванд, бинобар ин табибонро зарур аст, ки дар бунгоҳҳои тиббӣ, марказҳои саломатии деҳот ва ҷойҳои ҷамъиятӣ дастурамалҳо ва дигар маводҳои таблиғотиро оид ба пешгирии бемориҳои сироятӣ насб намоянд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg