
Ш.ШОҲИН. Тибқи дастуру супоришҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва нақшаи тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар маҳаллаи Синои ҷамоати деҳоти Шӯрообод доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ вохӯрӣ сурат гирифт.
Дар ин вохӯрӣ намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия иштирок ва суханронӣ намуданд. Вохӯриро мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирӣ Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Ҳошимов Абдураҳим кушода, оид ба фаъолияти ноҳияивии ҲХДТ, Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ибрози андеша намуд. Баъдан мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ Суннатуллоева Мавзуна оид ба корҳои хонагӣ суханронӣ намуд.
Қурбонова Малоҳат мутахассиси шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ нисбати амалишавии талаботҳои қонуни Ҷумҳури Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ибрози андеша кард.