ШАҲРИТУЗ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Матлубот» бо иштироки мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз Абдуллоева Шоира вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Зимнан Абдуллоева Шоира дар назди ҷамъомадагон атрофи суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо намояндагони ҷомеаи кишвар, иштирок ва суханрониашон дар семинар-машварати кишоварзони вилоят, нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ андешаронӣ намуда, аз ҷамъомадагон баҳри дар амал татбиқ намудани сиёсати ватандӯстонаи Пешвои миллат, ҳадафҳои созандаву бунёдкоронаи ҲХДТ ва иҷрои вазифаҳои хизматӣ даъват ба амал овард.