БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Мебояд дар пешрафту тараққиёти Ватан саҳмгузор бошем!

БАЛҶУВОН. Дар деҳаи  Поғулаи   ҷамоати деҳоти  Сари Хосори ноҳияи Балҷувон бо иштироки  мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти  Кумитаи иҷроия ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон Ғуломов Асомуддин ва дигар масъулин оид ба шарҳу тавзеҳи  суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон бо фаъолони ҷомеа, иштирок дар семинар-машварати кишоварзони вилояти Хатлон,  нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон ба  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, эълон намудани  соли 2018 дар кишвар ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардум ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ  мулоқот доир карда шуд.

Дар мулоқоти мазкур масъалаҳои  номбурда  дар назди ҷамъомадагон мавриди баррасӣ қарор  гирифта, аз онҳо ҷиҳати дар амал татбиқ гардидани  дастуру супориш ва ҳидоятҳои Пешвои миллат ва ҳадафҳои созандаи ҲХДТ, ки  ба ободии Ватан ва рӯзгори осоиштаи мардум равона гаштааст, даъват ба амал оварданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg