
МУЪМИНОБОД. Кормандони масъули ҳизбӣ дар ноҳияи Муъминобод дар асоси ҷадвали тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бо кормандони Раёсати молияи ноҳия хониши сиёсӣ доир намуданд.
Дар хониши сиёсӣ муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Гулсунбӣ Раҷабова ва раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии Раёсати молия Қ. Азиззода иштирок намуда, фикру ақидаҳои худро баён намуданд.
Дар хониши сиёсӣ самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», таъмини қисми даромадии буҷети ноҳия ва муқовимат бо коррупсия баррасӣ карда шуданд.
Тавре қайд гардид, амалҳои коррупсионӣ боиси паст шудани шаъну эътибор гардида, хавфу хатари он аз амалҳои террористӣ кам нест. Аз ин рӯ бояд дастаҷамъона бар зидди ин таҳдид мебориза бурда, оянда механизмҳоеро коркард кунем, ки боиси пешгирӣ аз чунин амалҳои нангин гардад.