ШАҲРИТУЗ. Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Тоҷикистандарт» бо иштироки мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз Абдуллоева Шоира бо кормандони масъули ташкилоти мазкур вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ шарҳу тавзеҳи суханрониҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолони ҷомеа, иштирок дар семинар-машварати кишоварзони вилояти Хатлон, нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, риояи талаботи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», муборизаи идеологӣ бар зидди терроризм, экстремизм ва пешгирии гаравиши ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ, ба дарки ҷомеа расонидани амалҳои муғризонаи ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ баррасӣ гашта, иштирокдоронро баҳри иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ, ҳадафҳои созандаи он ва огоҳонидани мардум аз хавфу хатарҳои ҷаҳони муосир даъват ба амал овард.