БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ -ҳизби халқ асту ҳадафаш танҳо зиндагии шоистаи мардум, ободии Тоҷикистон ва оромии он

ЁВОН. Тибқи ҷадвали баргузории суҳбату вохӯриҳо чанде қабл бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон дар деҳаи Қайнамаи ҷамоати деҳоти Обшорон бо иштироки фаъолони деҳаи мазкур вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ аз ҷониби Солиҳов М.-мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар доираи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Паёми навбатии Пешвои Миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарғиби арзишҳои миллӣ, аз байн бурдани фарҳанги ғайр, риояи талаботҳои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», тарбияи ҳарбӣ ватандӯстии ҷавонон, пешгирии бемориҳои сироятӣ, аз муоинаи тибби гузаронидани навхонадорон, ободию хуррамии маҳал, ҳамкории оила бо мактаб ва ғайра андешаронӣ карда шуд.

Дар охир дар назди деҳаи Қайнама ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Гармчашма» таъсис дода шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg