БАРОИ ПЕШРАФТ ВА САОДАТИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН

ТАҶЛИЛИ “РӮЗИ ҶАВОНОН” ВА “РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ” ДАР НОҲИЯИ ҚУБОДИЁН

ҚУБОДИЁН: Тибқи нақша чорабини КИ ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён, бо мақсади дастгирӣ аз пешниҳоди Президенти Ассотсиатсияи Футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ, ки 25 майро Созмони Милали Муттаҳид “Рӯзи ҷаҳонии футбол” эълон намудааст, бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” ва дар ҳамбастагӣ бо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён як қатор бозиҳои варзишӣ сурат гирифт.

Маврид ба зикр аст, ки 15 май соли 2026 дар варзишгоҳи назди бинои бахши Фарҳанги ноҳияи Қубодиён, таҷлили “Рӯзи ҷавонон” ва “ Ҷаҳонии Футбол” дар сатҳи баланд ва бо шукӯҳу шаҳомати хосса баргузор гардид.

Дар ҷамъомади тантанавӣ Шукрона Маҳмадализода, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, Сабурзода Мирзодавлат Абдолӣ, раиси ноҳияи Қубодиён, Абдуллозода Ваҳобиддин, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён,мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Қубодиён Имомназаров Шуҳрат, иштирок ва суханронӣ намуданд.

Сабурзода Мирзодавлат Абдолӣ, раиси ноҳияи Қубодиён зимни ибрози андеша доир ба аҳаммияти варзиш ва рушди футбол, ки яке аз роҳҳои беҳтарини нигоҳ доштани саломатӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим, инчунин, муҳимтарин василаи муттаҳидсозии халқу миллатҳои гуногун мебошад суханронӣ намуда, аҳли иштирокчиёни фестивалро бо ин санаи таърихӣ табрик гуфта зикр кард, ки ин иқдом як саҳме дар рушди футбол ва умуман варзиш хоҳад буд.

Сипас, Шукрона Маҳмадализода, муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ба сухан баромада қайд кард, ки аз қабули ташаббуси Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар бораи эълон гардидани “Рӯзи ҷаҳонии футбол” аз ҷониби Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид ёдовар шуда, ташаббуси мазкурро падидаи хубу хотирмон арзёбӣ намуд. Ҳамчунин қайд намуд, ки эълон гардидани 25 май ҳамчун “Рӯзи ҷаҳонии футбол” ва таҷлили ҳамасолаи он дар сатҳи баланд аз таваҷҷуҳи бевоситаи Ҳукумати мамлакат ва роҳбарияти олии кишвар нисбат ба соҳаи варзиш шаҳодат медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки дар асоси дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбӣ миёни хонандагони муассисаҳои таълимӣ бахшида ба “Рӯзи ҷаҳонии футбол” озмун эълон гардида буд ҷамъбаст гардида, ғолибон бо туҳфаҳо қадрдонӣ карда шуданд.

Дар анҷом аз ҷониби роҳбарият ба варзишгарони беҳтарин Сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён, туҳфаҳо, аз ҷумла тӯбҳои футбол ва волейбол тақдим гардиданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: info@hhdtkhatlon.tj

viloyat@hhdtkhatlon.tj

Tel: (83222) 2-94-19
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Фейсбукии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

Саҳифаи Фейсбукии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон