
НОРАК:Дар доираи эълон гардидани Соли 2026 — «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ», ки бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардидааст, инчунин дар заминаи ташаббуси ҳизбии «365 рӯзи ободонӣ, созандагӣ ва бунёдкорӣ», ки аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон амалӣ мегардад, дар деҳаи Навдеи ҷамоати деҳоти Дӯконии шаҳри Норак корҳои ободонӣ рӯз то рӯз вусъат меёбанд.
Бо ташаббуси раиси деҳаи Навдеи ҷамоати деҳоти Дӯконии шаҳри Норак-Садуллоев Ҳабиб ва бо дастгирии сокинони деҳа иқдоми созанда роҳандозӣ гардидааст. Дар доираи тадбирҳои ободониву созандагӣ, дар деҳаи Навдеи ҷамоати деҳоти Дӯконӣ корҳои таъмиру тармими роҳҳои маҳаллӣ ба роҳ монда шуданд.
Бо ҷалби сокинони маҳаллӣ ва фаъолони деҳа, қисматҳои фарсудаи роҳҳо таъмир гардида, шағалпӯш ва ҳамворкунии роҳҳо анҷом дода шуда истодааст. Тавре аз ҷараёни корҳо бармеояд, чунин иқдомҳо ба беҳтар гардидани шароити рафтуомади аҳолӣ ва нақлиёт мусоидат менамоянд.
Сокинони деҳа бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ дар корҳои ободонӣ фаъолона иштирок намуда, саҳми худро дар рушди инфрасохтори маҳаллӣ мегузоранд.
Қайд гардид, ки чунин ташаббусҳо барои боз ҳам ободу зебо гардидани деҳа ва беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардум заминаи мусоид фароҳам меоранд.
Корҳои ободонӣ дар деҳаи Навде идома дошта, ҷиҳати беҳтарсозии дигар инфрасохтори маҳаллӣ тадбирҳои иловагӣ низ амалӣ карда мешаванд.


















