
БОХТАР: Дар боғи марказии ба номи Р. Мурчаеви шаҳри Бохтар бахшида ба Рӯзи Ғалаба чорабинии тантанавии “Поси хотир” баргузор гардид.
Дар чорабинӣ Қурбонзода Наргис, муовини раиси шаҳри Бохтар, Раҳматулло Сафарзода, раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат дар вилояти Хатлон, Лутфуллозода Сайфулло, муовини сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон ва Ташрифзода Амиралӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар, собиқадорони меҳнат, омӯзгорон, ҷавонон ва кормандони ташкилоту муассисаҳо иштирок намуда, хотираи қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватаниро гиромӣ доштанд.
Зимни ҳамоиш аз ҷасорату фидокориҳои фарзандони далери Ватан ёдоварӣ шуда, таъкид гардид, ки эҳтиром ба таърих, арҷгузорӣ ба хизматҳои собиқадорон ва таҳкими ҳисси ватандӯстӣ вазифаи муҳими ҳар як шаҳрванд мебошад.
Чорабинӣ бо гузоштани гулчанбар, қироати шеърҳо ва барномаи фарҳангӣ дар фазои ватандӯстиву эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ҷамъбаст гардид.


















