
ДӮСТӢ: Андеша.Ҷавонон нерӯи пешбарандаи ҷомеа ва ояндаи боэътимоди ҳар миллат ба шумор мераванд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз ҷавонон ҳамчун қишри фаъоли ҷомеа дар татбиқи сиёсати давлатӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва пешбурди ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ нақши калидӣ доранд. Ин таваҷҷуҳ ва эътимод ба ҷавонон пеш аз ҳама бо сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алоқаманд мебошад.
Аз рӯзҳои нахустини ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ, дар шароити мураккаби пас аз Ҷанги шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи тарбияи насли ҷавон аҳамияти махсус зоҳир намуданд. Маҳз бо ташаббус ва роҳнамоии Пешвои миллат, заминаҳои устувори сиёсати давлатии ҷавонон гузошта шуда, ҷавонон ба як неруи созанда ва бунёдкор табдил ёфтанд.
Яке аз ҷанбаҳои муҳими сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин такяи устувор ба неруи ҷавонон мебошад. Пешвои миллат ҷавононро на танҳо ояндаи миллат, балки такягоҳи боэътимоди имрӯзаи давлат медонанд. Дар баромадҳову мулоқотҳои худ, пайваста таъкид менамоянд, ки пешрафти кишвар аз сатҳи дониш, маърифат ва масъулияти ҷавонон вобастагии мустақим дорад. Аз ин лиҳоз, Пешвои миллат ба ҷавонон эътимоди комил зоҳир намуда, онҳоро ба иштирок дар идоракунии давлатӣ, рушди иқтисод ва ҳифзи арзишҳои миллӣ ҷалб менамоянд.
Бо мақсади дастгирии ҳамаҷонибаи ҷавонон, дар кишвар як қатор барномаҳои муҳими давлатӣ қабул гардиданд. Аз ҷумла, таъсиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, амалисозии Барномаи давлатии тарбияи ҷавонон, ҷорӣ намудани квотаи президентӣ барои донишҷӯён ва фароҳам овардани имкониятҳои таҳсил дар дохил ва хориҷи кишвар аз ҷумлаи иқдомҳои муҳим ба ҳисоб мераванд. Ин тадбирҳо ба баланд бардоштани сатҳи маърифат, худшиносии миллӣ ва касбияти ҷавонон мусоидат намуданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид менамоянд, ки ҷавонон бояд ворисони сазовори давлату миллат бошанд, бо илму дониш мусаллаҳ гардида, дар ҳифзи истиқлолият ва суботи ҷомеа саҳми арзанда гузоранд. Дар ин замина, такя ба ҷавонон на танҳо дар сухан, балки дар амал низ равшан зоҳир мегардад — таъини ҷавонони лаёқатманд ба вазифаҳои роҳбарикунанда, дастгирии ташаббусҳои онҳо ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди иқтидори зеҳнӣ ва эҷодии онҳо.
Хизматҳои шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии ҷавонон танҳо ба соҳаи маориф маҳдуд намешаванд. Бунёди иншооти варзишӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди истеъдодҳо ва дастгирии ташаббусҳои навоварона далели равшани сиёсати ҷавонпарваронаи давлат мебошанд.
Имрӯз ҷавонони тоҷик ҳамчун пайравони Пешвои миллат бо эҳсоси баланди ватандорӣ, садоқат ба арзишҳои миллӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ дар рушди кишвар саҳми арзанда мегузоранд. Онҳо дар соҳаҳои гуногун — аз илму маориф то иқтисоду фарҳанг — фаъолона иштирок намуда, симои Тоҷикистони навинро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамоянд.
Бо итминон метавон гуфт, ки такяи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон омили муҳими пешрафт ва суботи кишвар мебошад. Зеро маҳз ҷавонони имрӯз, ки зери таваҷҷуҳ ва дастгирии доимии давлат қарор доранд, фардои дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлолро бунёд хоҳанд кард.
Раҳимов Худоёр - аъзои Ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Ҷавонон" дар ноҳияи Дӯстӣ

















