БАРОИ ПЕШРАФТ ВА САОДАТИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН

БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ МУҲИМИ ҶОМЕА - ВОХӮРӢ БО СОКИНОНИ МАҲАЛ

         ЉАЛОЛИДДИНИ БАЛХЇ: Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16-и Ҷамоати деҳоти Маданияти ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия - Сулаймонзода Лола, муовини раиси Ҷамоати деҳоти Маданият - Усманова Дилбар ва омӯзгорони собиқадор вохӯрии судманд бо усули "Мактаб ба мактаб" баргузор гардид.

Зимни баргузории вохӯрӣ масъулин доир ба масъалаҳои муҳими рӯз, аз ҷумла риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳкими волоияти қонун, сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ибрози назар намуданд.

Ҳамзамон, дар ҷараёни суҳбат ба масъалаи пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, терроризм ва экстремизм таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, таъкид шуд, ки ҷавонон ҳамчун неруи пешбарандаи ҷомеа бояд бо ҳисси баланди худшиносӣ ва ватандӯстӣ дар ҳифзи сулҳу суботи кишвар саҳмгузор бошанд.

Иштирокдорон ҳамчунин оид ба ҷалби наврасону ҷавонон ба озмунҳои ҷумҳуриявӣ, аз қабили «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм - фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» ва омӯзиши касбу ҳунарҳо суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки рушди маънавию зеҳнии ҷавонон омили муҳими пешрафти ҷомеа ба ҳисоб меравад.

Дар идомаи вохӯрӣ оид ба пешгирии хурофотпарастӣ, тарғиби фарҳанги миллӣ, эҳтиром ба муқаддасоти давлатдорӣ ва баланд бардоштани ҳисси ифтихори миллӣ байни аҳолӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.

Дар фарҷом, сокинон ба суолҳои худ посухҳои мушаххас гирифта, омодагии худро ҷиҳати саҳмгузорӣ дар корҳои созандагиву ободонӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ баён намуданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: info@hhdtkhatlon.tj

viloyat@hhdtkhatlon.tj

Tel: (83222) 2-94-19
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Фейсбукии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

Саҳифаи Фейсбукии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон