БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Мо миллати тамаддунофарем ва рисолати азалии мо созандагиву бунёдкорист!

Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун хонаи умеди тамоми тоҷикони ҷаҳон дар пайи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯз аз рӯз ободу зебо гардида, дар ростои дуруст сафарбар намудани нерӯи тавонои халқ ба корҳои созандагиву ободонӣ аз як кишвари ақибмондаи ҷангзада ба кишвари ободу пешрафта табдил ёфтааст.

Ҳамакнун, мо дар раванди омодагиҳо ба истиқболи шоиста аз 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ватани маҳбубамон Тоҷикистон қарор дорем ва ҳарчанд ба ин санаи таърихӣ наздиктар мешавем ва ҳарчи ба гузаштаи бостониву нави худ амиқтар назар мекунем бори дигар ба дурандешии Пешвои миллатамон қоил мешавем, ки ҳанӯз дар оғози зимоми давлатдориро ба даст гирифтан таъкид мекарданд, ки дар роҳи ободсозии Тоҷикистони соҳибистиқлол ва мустаҳкам кардани пояҳои давлатдории миллӣ набояд ба умеди қувваҳои беруна бошем. Чунки ҳеҷ кас ба ҷойи мо хонаи моро – Ватани моро обод намекунад!

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳам зодаи Истиқлолият буда, аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун омили муттаҳидкунандаи нерӯҳои солими ҷомеа ба хотири таҳкими пояҳои Истиқлолият ва рушду нумуи Тоҷикистон таъсис дода шуд. Рисолати асосии он ба созандагиву бунёдкорӣ раҳнамун кардани халқ аст.

Бо мақсади истиқболи сазовор аз ҷашни барои миллати сарбаланди мо бисёр муқаддасу фархунда 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон аъзо, фаъолон ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар саросари кишвар, аз ҷумла вилояти Хатлон омодагиҳои ҷиддӣ гирифта, сокинони шарафманди вилоятро барои боз ҳам бештар ободу зебо кардани Ватани азизамон раҳнамоӣ ва сафарбар намуда истодаанд.

Аз ҷумла, дар заминаи амалӣ гардонидани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 26.06.2018 дар маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ба хотири  ҳаллу фасли мушкилоти мардум, таъмиру тармим ва сохтмони пулу купрукҳо, бунгоҳҳои тиббӣ, ҳамом, майдончаҳои варзишӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва сабзу хуррам гардонидани маҳалли зист бо истифода аз нерӯи аъзо, фаъолон, ҷонибдорон ва сокинони маҳал Аксияи тарғиботӣ-амалии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлонро таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” эълон гардид.

Бояд гуфт, сохторҳои ҳизбии вилоят дар нимаи аввали соли 2018 дар ҳудуди деҳаву маҳаллаҳо бо сокинон наздики се ҳазор вохӯриву мулоқот баргузор намуда, дар самти дуруст сафарбар кардани корҳои хайру сахо ба хотири ҳалли проблемаҳои мавҷудаи ҷамъиятӣ ва аз лиҳози маънавӣ омода намудани ҷомеа барои амалӣ гардонидани созандагию бунёдкориҳои нав ба хотири рушди кишвар замина гузоштанд.

Аммо дар доираи аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон вазифадор мегарданд, ки зимни вохӯриҳо  бо мардум дар маҳал масъалаи сафарбар кардани аҳолӣ ба созандагиву бунёдкорӣ, фаъол гардонидани онҳо дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоии мавҷуда тариқи дуруст сафарбар намудани корҳои хайру сахо, инчунин дарёфти ҳалли масъалаҳои бекорӣ ва фаро гирифтани сокинон ба шуғлро дар заминаи рушди хоҷагидорию соҳибкорӣ, корҳои хонагию ҳунарҳои мардумӣ тарғиб намуда, бо истифода аз қувваи фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ҳалли амалии мушкилоти мавҷуда саҳми бевосита гузоранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg