
НОСИРИ ХУСРАВ:Дар доираи корҳои ободонӣ ва рушди инфрасохтор, дар ноҳияи Носири Хусрав чароғонкунии кӯчаҳо ба роҳ монда шуда, ҳамзамон корҳои азнавсозии симҳои фарсудаи барқ идома доранд.
Ин тадбирҳо бо мақсади беҳтар намудани шароити зисти сокинон, таъмини амният дар вақти шабона ва баланд бардоштани сифати хизматрасонии барқ амалӣ карда мешаванд.
Бо татбиқи чунин лоиҳаҳо, намуди зоҳирии кӯчаҳо зеботар гардида, ҳаракати шаҳрвандон дар шабонарӯз боз ҳам осон ва бехатар мегардад.
Корҳо дар ин самт идома дошта, марҳила ба марҳила дигар кӯчаҳо низ фаро гирифта мешаванд.


















