
ШАЊРИТУС: Бахшида ба гиромидошти хотираи шаҳидону қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941–1945 маросими ёдбуд баргузор гардид.
Дар назди муҷассамаи “Модар” дар Ҷамоати шаҳраки Тус бо иштироки собиқадорони ҷангу меҳнат, фаъолон ва сокинони ноҳия маросими гулчанбаргузорӣ доир шуда, хотираи неки фарзандони далеру ҷоннисори Ватан пос дошта шуд.
Иштирокдорон зимни суханронӣ таъкид намуданд, ки қаҳрамониву фидокориҳои иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ барои ҳар як сокини кишвар намунаи олии ватандӯстӣ, садоқат ва ҳифзи марзу буми аҷдодӣ ба ҳисоб меравад. Қайд гардид, ки насли имрӯз вазифадор аст, то сулҳу субот, ваҳдат ва оромии кишварро ҳамчун неъмати бузург ҳифз намояд.
Ҳамзамон зикр карда шуд, ки ҳамеша кӯшиш ба харҷ дода мешавад, то фарҳанги эҳтиром ба таърих, ватандӯстӣ ва сулҳпарварӣ дар қалби ҷавонон тақвият ёфта, хотираи қаҳрамонони Ватан ҷовидона нигоҳ дошта шавад.
Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш намешавад — зеро сулҳи имрӯз аз ҷонбозиҳои дирӯз сарчашма мегирад!

















