
ЊАМАДОНЇ:Дар доираи нақша - чорабиниҳои тасдиқгардидаи Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҳамадонӣ ва ташкилоти ибтидоии ҳизбии Коллеҷи тиббии ноҳия, ҳамзамон ТҶҶ "Созандагони Ватан" Бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва рушди маърифати сиёсиву фарҳангии ҷавонон, дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ноҳия чорабинии адабӣ-фарҳангӣ-сиёсӣ таҳти унвони «Ҷавонон - ояндаи давлат ва пайравони Пешвои миллат» бахшида ба моҳвораи Рӯзи ҷавонон баргузор гардид.
Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллӣ оғоз ёфта, сипас Раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, оид ба нақши ҷавонон дар пешрафти ҷомеа ва сиёсати давлатии ҷавонон андешаронӣ намуд.
Дар қисми адабии чорабинӣ иштирокчиён шеърҳо аз эҷодиёти шоирони маъруф ва эҷодиёти шахсии худро қироат намуданд. Ҳамзамон, озмуни «Беҳтарин қироат» баргузор гардида, ғолибон бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.
Қисми фарҳангии чорабинӣ хеле рангин ҷараён гирифта, хонандагон ва ҷавонон бо сурудҳо, рақсҳои миллӣ ва саҳначаҳои тарбиявӣ ҳунарнамоӣ карданд, ки ба чорабинӣ руҳияи идона бахшид.
Дар идома баромадкунандагон ҷавононро ба илмомӯзӣ, худтакмилдиҳӣ ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ даъват карданд.
Чорабинӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор гардида, ба иштирокчиён рӯҳияи тоза ва илҳоми нав бахшид.

















