
ХУРОСОН: Дар асоси дастуру супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раиси ноҳияи Хуросон - Суризода Носир Мурод бо ҳамроҳии намояндаи Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Сафарзода Дарвеш ба манзили истиқоматии марҳум иштирокдори Ҷанги Бузурги Ватанӣ - Ғафуров Мирзо ташриф оварда, аҳли хонаводаашро ба муносибати 81-солагии Рӯзи Ғалаба самимона табрику муборакбод намуданд.
Хотиррасон менамоем, ки Ғафуров Мирзо иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ 20 майи соли 1926 дар деҳаи Боғаки ҷамоати деҳоти Даҳанакиики ноҳияи Хуросон таваллуд ёфта, санаи 30-юми апрели соли 2026 дар синни 100 солагӣ аз дунё даргузашт.
Дар идомаи аёдат ба хонаводаи марҳум иштирокдори Ҷанги Бузурги Ватанӣ тӯҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, кумакпулии раиси вилояти Хатлон ва мақомати иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон тақдим гардид.

















