
ДӮСТӢ: Бо иштироки намояндаи бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Дӯстӣ Эшонқулов Ш ва директори китобхонаи марказии ноҳияи Кабиров Ш бо дар толори китобхона бо хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3 конференсияи илмӣ назариявӣ дар мавзӯи "Ҷавонон ояндаи миллат ва пояи устувори давлат" гузаронида шуд.
Намояндаи бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Дӯстӣ гуфта гузаштанд, ки
Ҷавонон қувваи асосӣ ва нерӯи пешбарандаи ҳар як ҷомеа ба ҳисоб мераванд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба ин қишри ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, онҳо ҳамчун ояндаи миллат ва идомадиҳандагони роҳи созандагии давлат эътироф шудаанд. Зеро маҳз ҷавононанд, ки фардои кишварро месозанд ва сарнавишти миллатро муайян мекунанд.
Имрӯз ҷавонони тоҷик дар даврони истиқлолият ба камол расида, дар фазои сулҳу субот зиндагӣ ва фаъолият доранд. Ин имконият ба онҳо шароити хуб фароҳам меорад, то дониш андӯзанд, касб омӯзанд ва барои пешрафти Ватан саҳм гузоранд.

















