
ВОСЕЪ: Имрӯз варзиш дар ҷаҳони муосир аз маъмултарин соҳаҳое дониста мешавад, ки ҳар нафари ба он машғул ҳамеша тандуруст, нерӯманд, чусту чолок ва рӯҳану ҷисман солим мебошад. Варзиш боиси дурӣ ҷустан аз омилҳои номатлуб мегардад. Ин аст, ки бо дарку идроки гуфтаҳои боло имрӯз наврасону ҷавонон ва ҷавондухтарон дар риштаҳои гуногуни варзиш ба машқу тамрин машғул буда, вақти қимати хешро самаранок истифода мебаранд ва дар баробари ин бо истифода аз малакаву истеъдоди хеш дар чорабиниҳои гуногуни варзишӣ иштирок ва бо ишғол намудани мақомҳои ифтихорӣ обрӯи кишвари хешро дар сатҳи байналмилалӣ баланд мебардоранд.
Тибқи нақша-чорабиниҳои бахшида 81- умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар Литсей касби техникии ноҳияи Восеъ мусобиқаи волейбол баргузор гардид. Дар ин мусобиқаи варзишӣ ҷавонони Литсей давлатии рақами 1-и ноҳия, Литсей касбии техникии ноҳия ва омӯзгорон миёни ҳам сабқат намуданд.

















