
МУЪМИНОБОД :Дар колеҷи тиббии "Пайравони Сино"-и ноҳияи Муъминобод "Соати сиёсӣ" бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар ноҳия Ҷобирова Зайнурамо баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ оид ба илмомӯзӣ, аз худ намудани забонҳои хориҷӣ касбомӯзӣ, пешгирии содиршавии ҷиноят, тероризму экстремизм, хурофотпарастӣ, таълимоти ғайрирасмии динӣ, пешгирии пӯшидани либоси ба фарҳанги миллии мо бегона, нашъамандӣ, пешгирии бегонапарастӣ, риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ҷалби ҷавонон ба озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» «Илм фурӯғи маърифат», таълиму тарбияи фарзандон дар руҳияи худшиносию худогоҳӣ, тақвият бахшидани корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуданд.


















