
ФАРХОР:Дар деҳи Дарқади ноҳияи Фархор мулоқоти вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Фархор бо сокинони деҳаи мазкур дар мавзуи ҳуввияти миллӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ баргузор карда шуд.
Қайд карда шуд, ки Истиқлолияти мо рамзи миллату кишвари озодидӯст, соҳибихтиёрии давлат буда, намунаи равшани ватандӯстӣ мебошад. Тоҷикистон дар тӯли 34 соли соҳибистиқлолӣ сарфи назар аз мушкилоту монеаҳои зиёд тавонист рушди босуботи давлати моро таъмин намуда, мавқеашро дар арсаи ҷаҳонӣ баланд бардорад, пояҳои давлатдории соҳибистиқлоли худро таҳким бахшад ва тамоми нерӯю захираҳоро барои фароҳам овардани шароити мусоид баҳри зиндагии шоистаи халқаш равона созад.
Маълум аст вақте, ки дар оила фазои боварибахш, рӯҳияи болида ва муносибатҳои пайвандон бо ғамхорӣ ва меҳрубонии якдигар тавъаманд, ин нишонаи истиқлолият аст. Яъне, фазои амну осоиштаи Ватан ин ҳама саодатро ба кошонаи хонавода ҳадя месозад ва ин раванд аз муҳити хонавода то маҳал, аз маҳал то ноҳия, аз ноҳияву шаҳр то вилояту ҷумҳурӣ рафта мерасад. Пайвандӣ соҳибихтиёрӣ бо манофеи умумимиллӣ ниҳоят зич мебошад. Вақте ки мардум дар атрофи ғояи миллӣ ва ормонҳои мардумӣ сарҷамъ мегарданд, метавонанд бо ифтихор аз соҳибистиқлолӣ сухан гӯянд. Дар акси он агар бо тафаккури музофотӣ ҳарф аз мушкилоти кишвар зананд, манфиате нахоҳад дошт. Дар таърихи пурфоҷиаи миллат, ҳангоми ғояи миллӣ дучори ҳуҷумҳои фикрӣ ва идеологии бегона қарор гирифтан, бешак хеле маҳрумияту шикастҳоро дидем. Вақте тафаккури миллӣ осеб мебинад, ҳарфи ватандорӣ ба гӯшаҳои фаромӯшӣ меравад.

















