
НОРАК:Бо мақсади густариши фаъолияти ҳизбӣ дар заминаи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, тибқи талаботи Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва дар асоси нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак дар назди Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Тоҷик СГЕМ” ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ бо номи «Тоҷик СГЕМ» таъсис дода шуд.
Дар маҷлиси ташкилоти ибтидоӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак – Асозода Савлатмоҳ, масъулини Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Тоҷик СГЕМ" дар шаҳри Норак –Раҳимов Қурбоналӣ, ва кормандони корхона иштирок намуданд.
Зимни суханронӣ, Асозода Савлатмоҳ иштирокчиёнро бо рӯзномаи маҷлис шинос карда, доир ба ҳадафҳои Барномавии ҲХДТ суханронӣ намуд.
Дар идомаи маҷлис 15 нафар кормандони фаъол ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пазируфта шуда, ба онҳо шаҳодатномаҳои ҳизбӣ дар фазои тантанавӣ супорида шуданд.
Сипас, дар асоси талаботи Оинномаи ҲХДТ ва бо ҷонибдории якдилонаи аъзоёни ҳизб ташкилоти ибтидоии нав таъсис ёфта, «Тоҷик СГЕМ» номгузорӣ гардид.
Бо ҷонибдории якдилонаи аъзои ҳизб мудири шуъбаи ташкили ва кор бо кадрҳои Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Тоҷик СГЕМ" дар шаҳри Норак Раҳимов Қурбоналӣ раиси ташкилоти ибтидоии «Тоҷик СГЕМ» интихоб гардид.
Дар фарҷоми маҷлис Раҳимов Қурбоналӣ аз ин боварӣ ба аъзои ташкилот изҳори сипос намуда, таъкид намуд, ки ӯ бо масъулияти баланд дар паҳлуи аъзои ташкилот барои пешбурди мақсаду ҳадафҳои ҳизб фаъолона саҳмгузор хоҳад буд.


















