
ЛЕВАКАНТ: Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант баҳри тарғибу ташвиқи варзиш алалхусус “Футбол” дар байни ҷомеа, бахшида ба “Рӯзи футболи ҷаҳонӣ” марҳилаи дуюми мусобиқаи варзишии футболи хурд миёни ҷавонони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва корхонаву деҳаҳои шаҳр барои дарёфти “Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” баргузор гардида истодааст. Мусобиқаи варзишии футболи хурд миёни дастаҳои “Ҷавонон” ва “Саноатчиён” деҳаи “Нурафшон” ва деҳаи “Якачинор”-и шаҳр баргузор гардид. Дар рафти мусобиқаи футбол, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант Расулов Меҳтоҷалӣ иштирок намуда, ҳамзамон мусобиқаро кӯшода ҳозиронро шодбош гуфта ва дастаҳо муваффақият орзу намуданд.
Дидори дастаҳо дар варзишгоҳи марказии шаҳри Левакант баргузор гардид, ки бозӣ бо ҳисоби 0 бар 3 ба фоидаи футболбозони деҳаи “Якачинор” ва 2 бар 9 ба фоидаи дастаи “Ҷавонон”-и шаҳри Левакант анҷомид

















