
ДАНЃАРА:Дар толори Коллеҷи политехникии ноҳияи Данғара конфронси илмӣ-амалӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ – ОМИЛИ РУШДИ КИШВАР» баргузор гардид.
Дар кори конфронс раиси ноҳия, муҳтарам Саломзода Сиҷоуддин, муовини раиси ноҳия Ҳакимзода Зуҳро, ректори Донишгоҳи давлатии Данғара Хайрзода Шукурулло, раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара Сайдализода Садриддин, инчунин роҳбарияти коллеҷ, омӯзгорон ва донишҷӯён иштирок намуданд.
Конфронсро роҳбарияти муассиса ифтитоҳ намуда, аҳамияти таърихии истиқлолияти давлатиро барои рушди устувори кишвар ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ таъкид кард. Зикр гардид, ки дар солҳои истиқлол Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самтҳои гуногун, аз ҷумла иқтисод, маориф, энергетика ва инфрасохтор ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст.
Сипас, раиси ноҳия Саломзода Сиҷоуддин баромад намуда, нақши истиқлолиятро дар беҳбудии сатҳи зиндагии мардум, ободонии диёр ва рушди ҳамаҷонибаи кишвар махсус қайд кард. Ӯ таъкид намуд, ки ҷавонон бояд ҳамчун неруи пешбарандаи ҷомеа арзишҳои миллӣ ва истиқлолиятро ҳифз намуда, дар пешрафти Ватан саҳми босазо гузоранд.
Дар идомаи конфронс иштирокчиён бо маърӯзаҳои илмӣ баромад намуда, масъалаҳои марбут ба худшиносии миллӣ, рушди илму техника ва тарбияи насли ҷавонро мавриди таҳлил қарор доданд. Ҳамзамон, доир ба таҳкими маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ ва баланд бардоштани сатҳи донишандӯзии ҷавонон пешниҳодҳои судманд ироа гардиданд.
Дар фарҷом конфронс дар фазои ватандӯстӣ ҷамъбаст гардида, аҳамияти истиқлолияти давлатиро ҳамчун омили асосии рушди устувори кишвар бори дигар таъкид намуд

















