
ХОВАЛИНГ:Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи МИҲД ноҳияи Ховалинг бо иштироки кормандони Муассисаи давлатии "Маркази татбиқи лоиҳаи "Дастрасӣ ба маблағгузории сабз ва маблағҳои рушди деҳот"-и назди Вазорати молияи Ҷумхурии Точикистон вохӯрӣ оид ба муаррифии лоиҳаи «Рушди бахшҳои молиявӣ ва хусусӣ» бо соҳибкорон, кормандони соҳаи молия, бонк ва кормандони ташкилоту муассисаҳо баргузор гардид.
Вохӯриро муовини аввали раиси ноҳияи Ховалинг Табарзода Валӣ ифтитоҳ бахшида, меҳмононро ба ҳозирин шинос намуд.
Лоиҳаи мазкур аз ҷониби Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи лоиҳаҳои дастрасӣ ба маблағгузории сабз ва маблағҳои рушди деҳот» назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда шуда, ҳадафи асосии лоиҳа таҳкими низоми суғуртаи амонатҳои пасандозҳо, баланд бардоштани дастрасии соҳибкорони хурду миёна ба қарзҳои молиявӣ ва рушди занҷираҳои истеҳсоливу фурӯш мебошад.
Дар ҷараёни вохӯрӣ инчунин масъалаҳои ҳамоҳангсозӣ ва татбиқи самараноки чорабиниҳои лоиҳа баррасӣ гардида, иштирокдорон омодагии худро барои саҳмгузорӣ дар пешбурди ин ташаббуси муҳим иброз доштанд.


















