
КӮШОНИЁН: Чорабинии фарҳангӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи мазкур бо шукӯҳу шаҳомати хоса баргузор гардид. Дар ин ҳамоиши идона намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, КИ ҲХДТ Кӯшониён, фаъолон, аҳли фарҳанг ва сокинони ноҳия иштирок намуда, аз дастовардҳои даврони истиқлол ёдовар шуданд.
Барномаи фарҳангӣ бо намоиши суруду рақсҳои дилнишин, таронаҳои ватандӯстона ва саҳначаҳои тарбиявӣ ғанӣ гардонида шуда, руҳияи ифтихори миллӣ ва худшиносии сокинонро боз ҳам боло бурд. Ҳунармандон бо маҳорати баланд аз зебоии Ватан, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ васф намуда, саҳми Истиқлолияти давлатиро дар рушди кишвар таъкид карданд.
Дар анҷоми чорабинӣ қайд гардид, ки Истиқлолият бузургтарин неъмати миллат буда, ҳифзу таҳкими он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд маҳсуб меёбад.

















