
ТЕМУРМАЛИК:Дар асоси нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик ва бо мақсади вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ дар доираи сазовор таҷлил намудани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо усули “Хона ба Хона” вохӯриҳои судманд доир карда шуда истодааст.
Дар вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид, Мудири бахши хадамоти муҳоҷирати ноҳия Сафарзода Баҳодур ва Мудири бахши асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳия Шоиброҳимзода Раҳима,оиди эълон гардидани соли 2026 - “Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ” ва ташаббуси ҳизбӣ таҳти унвони “365 рӯзи ободонӣ, созандагӣ ва бунёдкорӣ”, самаранок истифода бурдани замини наздиҳавлгӣ, пушидани либосҳои миллӣ, сарфакорона истифода бурдани неру барқ инчунин оид ба ободонию созандагӣ, татбиқи дастуру супоришҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти сиёсати дохилию хориҷии кишвар, пешгирии ҷинояткорӣ аз тарафи ноболиғон, даст задани шаҳрвандон ба худкушӣ, шомилшавӣ ба равияҳои экстремистию террористӣ, истифодаи оқилонаи ҳар як ваҷаб замин, захираи дусолаи маводи ғизоӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.


















