
ЌУБОДИЁН:Бо мақсади пешгирии ҳолатҳои ғарқшавӣ дар байни кӯдакон ва ноболиғон, инчунин баланд бардоштани сатҳи маърифати бехатарӣ, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №51-и ноҳияи Қубодиён корҳои тарғиботию ташвиқотӣ баргузор гардид.
Чорабинии мазкур аз ҷониби намояндаи Бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи Қубодиён Қарахонов Р. бо иштироки омӯзгорон ва кормандони техникии муассиса роҳандозӣ карда шуд.
Зимни вохӯрӣ ба иштирокчиён оид ба қоидаҳои асосии бехатарӣ ҳангоми истифодаи обанборҳо, дарёҳо ва каналҳо, роҳҳои пешгирии ҳодисаҳои нохуш, инчунин тарзи расонидани кӯмаки аввалия ба шахсони ғарқшаванда маълумоти муфассал пешниҳод гардид.
Қайд карда шуд, ки риояи қоидаҳои бехатарӣ, назорати доимии кӯдакон аз ҷониби калонсолон ва баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ метавонад омилҳои асосии коҳиш додани ҳолатҳои ғарқшавӣ гардад.
Дар фарҷоми чорабинӣ ба иштирокчиён тавсияҳо дода шуда, таъкид гардид, ки ҳар як шаҳрванд бояд нисбати амнияти худ ва атрофиён бетафовут набошад.


















