
ВАХШ: Санаи 6-уми майи соли ҷорӣ тибқи нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш, дар Ҷамоати шаҳраки Зарнисор, оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат, истифодаи дурусти нерӯи барқ, пешгирии бемориҳои сироятӣ, самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ, пешгирӣ аз шомил шудани ҷавонон ба ҳаргуна гурӯҳои террористиву экстремистӣ ва танзими анъана ва ҷашну маросимҳо бо усули "Хона ба хона" суҳбат гузарониданд.


















