
БОХТАР: Бо мақсади таъмини ҳаракати бехатар ва беҳтар намудани ҳолати инфрасохтори роҳҳо, дар шаҳри Бохтар бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр корҳои таъмиру навсозии роҳҳои харобгашта идома доранд. Ин тадбирҳо ба фароҳам овардани шароити мусоид барои ронандагону пиёдагардон ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии коммуналӣ равона гардидаанд.
Тавре роҳбари Корхонаи давлатии коммуналии нигоҳдории роҳҳо, чароғонкунӣ ва ороишии шаҳри Бохтар Ёрмаҳмад Назарзода иттилоъ дод, барои иҷрои босифати корҳои таъмирӣ 100 тонна асфалти гарм харидорӣ гардида, бо истифода аз техникаҳои муосири роҳсозӣ таъмири асосӣ ва ҷории роҳҳо ба роҳ монда шудааст. Зикр кардан ба маврид аст, ки корҳои мазкур марҳила ба марҳила амалӣ гардида, дар назар аст, ки аксари роҳҳои ниёзманди таъмир дар муҳлати кӯтоҳ ба ҳолати хуб оварда шаванд.
Гуфта мешавад, ки чунин иқдомҳо дар ободонии шаҳр ва таъмини амнияти ҳаракат нақши муҳим дошта, сокинон аз беҳтар гардидани вазъи роҳҳо изҳори қаноатмандӣ мекунанд.

















