
ХУРОСОН: Бо роҳбарии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Хуросон, усули самараноки “хона ба хона” миёни аҳолӣ ба роҳ монда шудааст.
Дар доираи ин иқдом, кормандон ва фаъолони ҳизб ба хонаҳои сокинон ташриф оварда, бо онҳо суҳбатҳои рӯ ба рӯ анҷом медиҳанд. Ҳадафи асосии чунин вохӯриҳо — баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии шаҳрвандон, шарҳу тавзеҳи сиёсати давлатӣ ва шунидани мушкилоту пешниҳоди мардум мебошад.
Ҳангоми гузаронидани ин усул ба масъалаҳои муҳими рӯз, аз ҷумла пешгирии ҷинояткорӣ, мубориза бар зидди нашъамандӣ, тарбияи дурусти ҷавонон, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва риояи қонунҳо диққати махсус дода мешавад.


















