БАРОИ ПЕШРАФТ ВА САОДАТИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН

ФАЪОЛИЯТИ ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТӢ МАЪРИФАТИ БАЛАНДИ ИНСОНӢ ТАЛАБ МЕНАМОЯД.

ВАХШ: Дар шароити муосири ташаккули давлати ҳуқуқбунёду демократӣ ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ, нақши хизматчии давлатӣ дар таъмини фаъолияти босуботи мақомоти давлатӣ ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум бузург ва тақдирсоз аст. Маҳз хизматчии давлатӣ ҳамчун нерӯи асосии идоракунии давлатӣ баромад намуда, дар татбиқи сиёсати давлат ва иҷрои ҳадафҳои стратегии кишвар нақши калидӣ мебозад.

Имрӯз, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи расидан ба ҳадафҳои стратегӣ, аз ҷумла таъмини истиқлолияти энергетикӣ, рушди иқтисодиёти кишвар, таъмини амнияти озуқаворӣ ва индустрикунонии босуръати мамлакат қарор дорад, саҳми хизматчиёни давлатӣ басо муҳим аст. Маҳз онҳо бо татбиқи самараноки стратегиву барномаҳои давлатӣ метавонанд барои рушди устувор шароити мусоид фароҳам оваранд.

Мақоми хизматчии давлатӣ дар ҷомеа хеле баланд аст, зеро ӯ ҳамчун намояндаи ҳокимияти давлатӣ фаъолият мекунад. Аз ин лиҳоз, ҳар як хизматчии давлатӣ бояд бо виҷдони пок, масъулиятшиносӣ ва садоқат ба мардум хизмат намояд. Ӯ бояд дорои донишҳои ҳуқуқӣ, сиёсӣ, ахлоқи баланд ва фарҳанги муоширати комил бошад, зеро муносибати хизматчии давлатӣ бо шаҳрвандон ба таври мустақим ба нуфузи давлат таъсир мерасонад.

Тибқи Кодекси одоби хизматчии давлатӣ, хизматчии давлатӣ бояд:

- Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эҳтиром, ҳифз ва ҳимоя намояд, ба таҳқири шаъну шарафи инсон роҳ надиҳад, ба таърихи кишвар эҳтиром гузорад, ба урфу одатҳои миллӣ ва фарҳанги миллӣ арҷ гузошта, манфиати давлатро аз манфиати шахсӣ боло гузорад ва нисбати муроҷиатҳои шаҳрвандон бодиққат ва бо масъулият муносибат намояд;

- Фаъолияти касбии худро дар сатҳи баланд анҷом дода, бовиҷдонона ва беғаразона кор намояд ва ба шаъну шараф ва обрӯи хизматчии давлатӣ иснод наоварад;

- Танҳо воситаҳои қонунӣ ва одобиро дар фаъолияти хизматӣ истифода барад;

- Ҳангоми иҷрои вазифаҳои роҳбарикунанда дар интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо ба маҳалгароӣ, хешутаборбозӣ ва дигар омилҳои шахсӣ роҳ надиҳад ва кадрҳоро аз рӯи қобилият ва салоҳият интихоб намояд;

- Дар муносибат бо шаҳрвандон, ҳамкорон ва намояндагони дигар ташкилотҳо хушмуомила ва боодоб бошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ таъкид намудаанд, ки хизмат ба халқ, ба Ватан, ба давлат масъулияти бузург ва амали поквиҷдонона мебошад.

Аз ин рӯ, тарбияи кадрҳои ҷавон, баланд бардоштани сатҳи саводнокӣ ва касбият, риояи қатъии қонун ва одоби хизматчии давлатӣ бояд дар маркази таваҷҷуҳи давлат ва ҷомеа қарор гирад.

Аъзои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш, вакили маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Вахш Мамадализода Гулҷаҳон.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: info@hhdtkhatlon.tj

viloyat@hhdtkhatlon.tj

Tel: (83222) 2-94-19
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Фейсбукии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

Саҳифаи Фейсбукии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон