БАРОИ ПЕШРАФТ ВА САОДАТИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН

НАВРӮЗИИ ҲИЗБИЁН ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

Дар мавзеи сайёҳии деҳаи Зағертути Ҷамоати деҳоти Ваҳдати шаҳри Левакант бо ибтикори якҷояи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз чорабинии фарҳангӣ зери унвони “Шукӯҳи Наврӯз” баргузор гардид.

Дар чорабинии наврӯзӣ Маликшо Неъматзода, муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Абдуллозода Умеда муовин, роҳбари дастгоҳ, мудирони бахшу шуъбаҳои Кумитаи Иҷрояи Марказии ҳизб, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Саидзода Ҷамшед Ҳамро, раиси шаҳри Левакант Мастура Табарӣ, шоирон, роҳбарону кормандони кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ва дигар меҳмонони расмӣ иштирок намуданд.

Мавриди зикр аст, ки ҳизбиён ҷашни байналмилалии Наврӯзи аҷамро бо шукӯҳу ҷалоли тоза ва дар фазои саршор аз меҳру муҳаббати ватандорӣ таҷлил намуданд. Ин ҷашни бостонӣ рамзи эҳёи табиат ва оғози зиндагии нав буда, бо риояи расму ойин ва суннатҳои қадимаи ниёгон ҷашн гирифта шуд. Бори аввал аст, ки кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон наврӯзи оламафрӯзро бо ҳам дар якҷоягӣ таҷлил мекунанд.

Субҳи барвақт ҳизбиён бо либосҳои идона ва чеҳраҳои шукуфон ба ҳам омада, фазои ҷашнгоҳро бо анъанаҳои зебои наврӯзӣ ороста гардониданд. Ҳайати меҳмононро бо суруду таронаҳои наврӯзӣ истиқбол гирифта, ҳамчун рамзи наврӯзӣ ба онҳо тоқиҳои зебои тоҷикона тақдим намуданд. Дар як гӯшаи ҷашнгоҳ деги хӯрокҳои миллӣ, аз қабилӣ суманаку оши бурида, далдаю дангича, гӯштбирён, оши палав ва дигар навъҳои хӯрокҳои наврӯзӣ омода шуда буданд, ки меҳмонон аз онҳо дидан карданд.

Бояд қайд кард, ки оилаҳои ниёзманд ба таври доимӣ аз ҷониби Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгирӣ меёбанд. Дар ин базми наврӯзӣ аз ҷониби роҳбарияти ҲХДТ ба 10 нафар кӯдакони аз оилаҳои ниёзманд дучарха тақдим карда шуд.

Кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон хони наврӯзӣ ороста, бо риоияи суннатҳои деринаи ҳафтсину ҳафтшин, ҳунарҳои миллӣ ва қироати шеъру таронаҳои наврӯзӣ кошонаи наврӯзии хешро боз ҳам гарм намуданд. Ҳайати меҳмонон аз ҳар як хони омоданамудаи онҳо дидан намуда, ба ҳунару маҳораташон баҳои баланд доданд ва ҷашни Наврӯзро борояшон табрик гуфтанд.

Сипас, барномаи фарҳангии театрикунонидашуда оғоз гардид. Нахуст, Саидзода Ҷамшед Ҳамро, раиси Кумитаи вилоятии ҳизб суханронӣ намуда, қудуми мубораки меҳмононро ба вилояти Хатлон ва ба Наврӯзи хуҷастапай шодбош гуфт.

Ҳамчунин ӯ илова кард, ки ҷашни муқаддасу бостонии Наврӯз, ки реша дар умқи таъриху тамаддуни миллати мо дорад, имрӯз ба сифати рамзи эҳёи табиат, тозагии рӯҳ ва ваҳдати мардум дар саросари кишвари азизамон бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад. Наврӯз на танҳо як ҷашни мавсимист, балки ойинаи фарҳанг, худшиносӣ ва ҳувияти миллии тоҷикон ба ҳисоб меравад.

Маликшо Неъматзода, муовини якуми Раиси ҲХДТ зимни суханронии хеш қайд кард, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар таҳти сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯз мақоми байналмилалӣ касб намуда, ба ҳайси мероси ғайримоддии башарият эътироф гардид. Ин падида аз он шаҳодат медиҳад, ки арзишҳои фарҳангии миллати тоҷик на танҳо дар доираи кишвар, балки дар сатҳи ҷаҳонӣ низ аҳамияти бузург дорад. Хосатан, Наврӯзи байналмилалии имсола, ки дар соли ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ баргузор гардида истодааст, хеле аҳамият ва шаҳомати хосса дорад.

Наврӯз моро ба дӯстиву бародарӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва таҳкими ваҳдати миллӣ даъват менамояд. Дар шароити ҷаҳони пуртазоду печидаи имрӯз, маҳз чунин арзишҳои инсонӣ метавонанд заминаи устувори рушди ҷомеа ва суботи сиёсиро таъмин намоянд. Аз ин лиҳоз, таҷлили бошукӯҳи Наврӯз на танҳо эҳтиром ба гузашта, балки қадами устувор ба сӯи ояндаи дурахшон мебошад.

Мастура Табарӣ, раиси шаҳри Левакант низ баҳори нозанин ва наврӯзи хуҷастапайро ба ҳозирин ва дар симои онҳо ба мардуми сарбаланди мамлакат шодбош гуфта, фаъолияти босамари ҳизбиёнро дар корҳои ободонию созандагӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ барҷаста арзёбӣ кард.

Дар идомаи суханрониҳо Озар Салим, шоири халқии Тоҷикистон ҳамагонро ба ҷашни Наврӯзи оламафрӯз шодбош гуфта, қайд кард, ки Наврӯз ҷашни ҳамагонӣ аст. Наврӯз ҷашне аст, ки таърихи беш аз шаш ҳазорсола дошта, ба ҳеҷ дину ойин вобаста нест. Дар охир барои ҳозирин чанд шеъре дар васфи Наврӯз қироат намуд.

Чорабинии наврӯзии ҳизбиён бо барномаи рангини театрикунонидашуда, бо иштироки ҳунрмандони шинохтаи сатҳи ҷумҳуриявӣ ва вилоят Хатлон ба анҷом расид.

Маркази иттилоот ва таҳлили Дастгоҳи КИМ ҲХДТ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: info@hhdtkhatlon.tj

viloyat@hhdtkhatlon.tj

Tel: (83222) 2-94-19
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Фейсбукии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

Саҳифаи Фейсбукии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон