
Зимни сафар ба Ҷумҳурии Мардумии Чин масъулини ҲХДТ ба фаъолияти он мароқ зоҳир намуданд
Ҳайати ҲХДТ, ки бо роҳбарии муовини якуми Раиси ҳизб Маликшо Неъматзода айни замон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин қарор доранд, бо фаъолияти яке аз ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар ноҳияи мухтори Нинся - Хуэй шинос шуданд.
Бояд гуфт, ки умури чунин зерсохторҳои ҳизбӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин бо усули корбарии ташкилоти ибтидоии ҲХДТ умумияти зиёд дошта, дар ин замина бори дигар собит гардид, воқеан ҳам, фаъолияту таҷрибаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон намунаи ибрат ва қобили пайравист.
Масъулини ҲХДТ зимни шиносоӣ бо ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ба фаъолияти ҳуҷраи мусолиҳа бештар мароқ зоҳир намуданд. Маълум гардид, ки ин ҳуҷраҳо бо мақсади рафъи ихтилоф миёни шаҳрвандон ва бартарафсозии мушкилот таъсис ёфтаанд. Яъне, дар ҳолати зарурӣ ашхоси дахлдор ба ин ҳуҷра даъват шуда, нофаҳмӣ ва мушкилот бо кумаки масъулини ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ва дахолату мусоидати шахсони обрӯманд ҳаллу фасл мегардад.
Ҷанбаи дигари қобили таваҷҷуҳ ва арзандаи ситоиш таъсиси курсҳои гуногунсамт - аз омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ то рақс барои афроди нафақахур дар ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ маҳсуб мешавад.
Муовини якуми Раиси ҲХДТ Маликшо Неъматзода бо масъулини ташкилот ва муҳасиллини курсҳои зикршуда суҳбати самимӣ доир намуд. Дар раванди суҳбат оид ба нақши ҲХДТ дар раванди давлатсозиву давлатдории фарзанди фарзонаи миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маълумоти муфассал манзур гардид.
Зикр гардид, ки ба шарофати Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми ҳизб дар пешрафти кулли соҳаҳо арзанда буда, оянда боз ҳам вусъат бахшидани ин раванд мадди назари масъулин қарор дорад.
Доир ба тамоюли афзоишро касб намудани теъдоди аъзои ҳизб сухан гуфта, Маликшо Неъматзода таъкид кард, ки дар ин раванд таваҷҷуҳ на ба миқдор, балки ба сифат зоҳир мегардад.
Аз суханони масъулини ташкилоти ибтидоии ҳизбии ноҳияи мухтори Нинся - Хуэй маълум гардид, ки дар зерсохторҳои Ҳизби Комунисти Чин низ чунин талабот роиҷ аст. Барои мисол, аз 10000 оилаи ҳудуде, ки ташкилот фаъолият дорад, ҳамагӣ 850 нафар аъзои ҳизб мебошанд.
Дар фарҷом муовини якуми Раиси ҲХДТ барои пазироии самимӣ арзи сипос намуда, табодули таҷрибаро барои боз ҳам беҳбуд бахшидани фаъолият муҳиму саривақтӣ арзёбӣ кард.
Сафари ҳайати ҲХДТ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин идома дорад…

















