БАРОИ ПЕШРАФТ ВА САОДАТИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН

СУҲБАТУ ВОХӮРИҲО БО УСУЛИ «ХОНА БА ХОНА» ДАР ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ТАХТИ ХУСРАВ НОҲИЯИ НОСИРИ ХУСРАВ

н.Н.Хусрав: Дар доираи фаъолияти гурӯҳи корӣ вохӯриҳо бо усули «хона ба хона» дар Ҷамоати деҳоти Тахти Хусрав аз ҷониби масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав вохӯриҳои судманд баргузор гардид. Зимни вохӯриҳо бо сокинон нуқтаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳу тавзеҳ дода шуданд.

Қайд гардид, ки эълон гардидани соли 2026 ҳамчун «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» ҳар як сокини кишварро водор месозад, то дар ободиву пешрафти Ватани азиз саҳми арзанда гузорад ва захираи 2-сола барои беҳтар гардидани зиндагии шоиста и мардум.

Ҳамзамон, масъулин ба аҳолӣ вобаста ба татбиқи нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати вусъат бахшидани корҳои ободониву созандагӣ, ки ба истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидаанд, маълумоти муфассал пешниҳод намуданд.

Дар ҷараёни вохӯриҳо сокинони маҳалла ба ҳамкории фаъолона даъват гардида, таъкид карда шуд, ки бо ободу зебо гардонидани гирду атрофи манзилҳои истиқоматӣ, метавонанд дар рушди маҳалли худ саҳми назаррас гузоранд.

Шуъбаи иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: info@hhdtkhatlon.tj

viloyat@hhdtkhatlon.tj

Tel: (83222) 2-94-19
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Фейсбукии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

Саҳифаи Фейсбукии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон