
Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бахшида ба Рӯзи модар дар маркази шаҳри Бохтар аксияи идона баргузор гардид.
Дар ин иқдоми идона кормандони Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб ва волонтёрон иштирок намуда, ба модарону бонувон 1000 дона гулҳои баҳории сиёҳгӯш ва инчунин, беш аз 1000 адад маводҳои тарғиботӣ, ки ба арҷгузорӣ ва бузургдошти мақому манзалати модар бахшида шудаанд, тақдим намуданд.
Зимни баргузории аксия бо модарон суҳбатҳои самимӣ анҷом дода шуда, онҳо аз фазои орому осудаи кишварамон изҳори шукргузорӣ намуда, барои роҳандозии аксияи ҳизбӣ изҳори сипос карданд.
Иштирокдорони аксия зикр намуданд, ки модар сарчашмаи меҳру муҳаббат ва тарбиятгари насли солиму ватандӯст мебошад. Таъкид гардид, ки эҳтирому қадршиносии модарон бояд на танҳо дар рӯзҳои ид, балки ҳамеша дар ҷомеа ҷойгоҳи махсус дошта бошанд. Чунин иқдомҳои маънавию тарбиявӣ барои баланд бардоштани ҳисси эҳтиром ба модар ва арҷгузорӣ ба хизматҳои онҳо мусоидат менамоянд. Аксияи мазкур дар фазои гарму самимӣ баргузор гардида, хотири модарону бонувонро шод гардонд.
Аҳлиддини МУБОРАКШОҲ,
“Ҳамрози халқ”


















