
Имрӯз бо ташаббуси намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан»-и назди Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бахшида ба Рӯзи Модарон дар шаҳри Бохтар аксияи идона баргузор гардид.
Дар аксияи мазкур роҳбари намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар вилояти Хатлон Раҳимзода Меҳроҷ ва аъзои фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан” иштирок намуда, ба модароне, ки шабонарӯз барои тозагию ободонии шаҳр саҳм мегузоранд, тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.
Зимни баргузории аксия бо модарон суҳбати самимӣ анҷом дода шуд ва бо шукргузорӣ аз фазои орому осудаи кишварамон ба ҷавонон баҳри амали неку хайр дуои нек намуданд.
Ҳамчунин бояд зикр намуд, ки чунин иқдомҳои хайрхоҳона аз ҷониби намояндагиҳои ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баргузор мегарданд.

















